Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Иди забон дар Тоҷикистон


Тоҷикистон имрӯз аз Иди забони давлатӣ таҷлил мекунад. Нахустин қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасвиб шуда, ба забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурии дар он айём ҳанӯз таҳти султаи Шӯравӣ мақоми давлатӣ дод. Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22 июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд, ки иттифоқан зодрӯзи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG