Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Аврупо пахтаи Узбакистонро намехарад


Вакилони кишварҳои ИА ба тарафдории лағви як банди паймони дуҷонибае раъй доданд, ки содироти нахи пахтаи Ӯзбакистон ба кишварҳои узвро осон мекард.

Сабаби ин қарор ба гуфтаи вакилон, рафтори давлати Узбакистон аст, ки ҳанӯз ҳам барои ҷамъоварии пунба аз кӯдакон истифода мекунад. Кумитаи равобити хориҷии парлумони Аврупо рӯзи сешанбе бо қабули қатъномае қарор кард, ки аз Паймони мушорикат ва ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо Узбакистон бахши воридоти пахта лағв карда шавад. Ин паймон соли 1999 ҳукми иҷро гирифтааст ва замина барои тиҷорати дутарафа миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Узбакистонр фароҳам мекунад.

Бар асоси ин паймон, Узбакистон ба Иттиҳодияи Аврупо бо

таруфаҳои поинтаре нахи пахта содир мекунад, ки як манбаъи аслии даромади он кишвар аст. Узбакистон панҷумин тавлидгари бузурги пахта ва саввумин фурӯшанди аслии нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Кумитаи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, воридоти нахи пахтаи Узбакистон ба қаламрави иттиҳодия бояд замоне иҷоза дода шавад, ки нозирони байналмилалӣ “бахусус Созмони Байналмилалии Кор тавонад, бе ягон монеа дар Узбакистон назорат барад” ва бо чашмони худ бубинад, ки кӯдакон барои пахтачинӣ сафарбар намешаванд.

Муаллифи қатънома, Никол Кил Ниелсен, вакили фаронсавӣ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои Иттиҳодияи Аврупо чунин таҷриба (яъне истифодаи кори кӯдак)

қобили қабул нест ва мавзӯъ ҳоло бе ягон номафҳумӣ рӯшан шуд ва ман аз натиҷаҳои раъдиҳӣ бисёр қаноатмандам.”

Дар қатънома ҳамчунин аз Созмони Байналмилалии Кор хоста шудааст, ки бо назорат ба ин натиҷа бирасад, ки Узбакистон бо анҷоми ислоҳоти лозим “дар роҳи хотима додан ба таҷрибаи кори маҷбурӣ ва кори кӯдакон дар миқёси маҳаллӣ ва дар миқёси миллӣ аст.”

"ПАХТАЧИНӢ КОРИ КИШОВАРЗОН АСТ"

Давлати Узбакистон пайваста гуфтааст, ки кӯдаконро барои ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар намекунад ва пахтачинӣ як кори хонаводагии кишоварзон аст. Узбакистон ҳамчунин ба хотири фӯру нишондани нигарониҳои кишварҳои ғарбӣ дар ин замина ба Аҳдномаи Байналмилалии манъи кори кӯдак пайвастааст. Аммо дидани кӯдакони пахтачин дар Узбакистон чизи маъмулист ва касеро ба ҳайрат намеорад. Тахмин мешавад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз моҳи сентябр то декабр, дар Узбакистон аз 200 ҳазор то 2 миллион
нафар аз кӯдакони 9 то 15 сола пахта мечинанд. Бо назардошти давлатӣ будани аксари муассисаҳои пахтапарвар, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумати Узбакистон кӯдаконро ба ҳайси нерӯи кории арзон барои ҷамъоварии пахта сафарбар мекунад.

Никол Кил Ниелсен дар ин бора мегӯяд: «Кӯдакон дар ин тиҷорати хонаводагӣ кор намекунанд. Воқеан ин як кори созмонёфтаи иҷборӣ аст. Онҳо кӯдаконро бо нақлиёт ба пахтазорҳо мебаранд ва кӯдакон дар шароити машаққатборе кор мекунанд.”

ДАР ТОҶИКИСТОН ВАЗЪ БЕҲТАР АСТ...

Дар Тоҷикистон низ дар гузашта ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ як кори оддӣ буд, аммо баъдан ҳукумат аз мақомоти ноҳияҳо хост, аз ин кор даст кашанд. Вале ҳанӯз ҳам метавон кӯдаконеро дид, ки дар пахтазорҳо ба гуфтаи волидонашон дар ҷамъоварии ҳосил ба онҳо кӯмак мекунанд. Ва намоёнгари рӯшани ин гуфта, ҳушдори нави раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо гурӯҳи сокинони ноҳияи Ҳисор, як ноҳияи пахтапарвар аст. Рӯзи сешанбе Эмомалӣ Раҳмон аз кишоварзони ноҳия хост, худашон ҳосилро ҷамъ оварданд ва бигзоранд, то кӯдакон таҳсил кунанду касб биёмӯзанд.
XS
SM
MD
LG