Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боҷи гумрукиро барои Тоҷикистон камтар кард


Хабаргузории CA-News иттилоъ додааст, ки Русия боҷи гумрукиро барои бензин ба Тоҷикистон бештар аз 7 дарсад коҳиш додааст. То 1-октябр боҷ барои як тон бензин 400 доллар буд. Акнун он 370 долларро ташкил хоҳад дод. Боло бурдани боҷи гумрукӣ барои бензини Русия боиси боло рафтани нархи бензин дар Тоҷикистон шудааст. Ҳоло як литр бензин дар Тоҷикистон 6,5 то 6,7 сомониро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG