Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон


Cозмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз раиси ҷумҳури ин кишвар хостаанд, ки расидагӣ ба парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов-хабарнигори маҳалии нашрияи “Нури Зиндагӣ”-ро зери назари худ бигирад. Раҳбарони панҷ созмон дар номаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, аз сарнавишти ҳамкасби худ Исмоилов, ки акнун даҳ моҳ дар боздошт ба сар мебарад, нигаронанд. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои васоити ахбори умум Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон бо номи "АФРӮЗ" дар номаи худ навиштаанд, ҳабси Исмоилов таҳдиди ҷиддӣ ба озодии сухан дар кишвар аст, ки ба обрӯи байлулмилалии Тоҷикистн ҳам латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG