Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи евро мегӯяд, Юнон варшикаста нахоҳад шуд


Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро итминони хотир доданд, ки Юнони дармонда дар мушкилоти молӣ варшикаста ва ё аз ҳавзаи евро берун карда нахоҳад шуд. Жан Клод Ҷанке, нахуствазири Люксембург ва раҳбари Гурӯҳи евро, дар ин бора баъди нишасти вазирони кишварҳои ин ҳавза сухан гуфт, ки дар он нишаст бӯҳрони Юнон баррасӣ шуд. Айни замон муҳосибаи байналмилалии вазъи молии Юнон идома дорад, ки то куҷо шартҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти кӯмакҳои нави молиро иҷро кардааст? Бе кӯмаки молӣ Юнон то нимаҳои моҳи равон барои пардохти ҳисобҳои ҷории худ аз ҷумла музди кору нафақа пул нахоҳад ёфт. Нигарониҳо аз шиддат гирифтани бӯҳрони молӣ, арзиши евроро ба ҳадде поён овард, ки аз моҳи январ то кунун дида нашудааст. Як евро дирӯз баробари як доллару 32 сент шуд.
XS
SM
MD
LG