Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёз барои "Тоҷиказот". Танҳо барои як сол


Вакилон пешниҳоди то 50 дарсад коҳиш додани молиёт аз арзиши изофа ба "Тоҷиказот"-ро дастгирӣ карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар нахустин иҷлоси баъд аз таътили тобистонаи худ тарҳи пешниҳодии ҳукумат ҷиҳати то 50 дарсад коҳиш додани молиёти арзиши изофа ба корхонаи тавлиди нуриҳои маъдании "Тоҷиказот"-ро дастгирӣ карданд.
"Тоҷиказот" аз соли 2008 ба ин сӯ ба иллати боло рафтани баҳои гази табиӣ комилан аз фаъолият бозмондааст...


Коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои корхонаи "Тоҷиказот", муассисаи муштараки Тоҷикистону Кипр, ба хотири кӯмак ба корхонаҳои саноатӣ ва таъмини арсаи кишоварзии ин кишвар бо нуриҳои маъдании ватанӣ сурат гирифтааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро дар ин бора ба вакилони Маҷлиси намояндагон шарҳ дод. Ӯ гуфт, тавлидоти ин корхона дар муқоиса бо маводи воридшаванда аз хориҷи кишвар қимати баландтар дошт ва поин бурдани андоз аз арзиши изофа имкон медиҳад, ки ин корхона на танҳо ба фаъолият шурӯъ кунад, балки фоида низ ба даст оварад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим


Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон
Вазири молияи Тоҷикистон афзуд, дар гузашта солона то 200 ҳазор тонна маводди кимиёвӣ аз хориҷи кишвар ворид ва дар дастрасии деҳқонон қарор мегирифт, вале бархе аз кишварҳои содиркунанда аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя бо қабули қарорҳои махсус содирот барои Тоҷикистонро манъ карданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, азсаргирии фаъолияти "Тоҷиказот" барои рушди соҳаи кишварзӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Дар зимн, коршиносон ва мутахассисон ҳам аз чунин иқдоми ҳукумат дастгирӣ карданд. Ба андешаи мутахассисон, ин корхона, ки бо гази табиии Узбакистон фаъолият мекард, метавонист, эҳтиёҷоти деҳқонони тоҷик барои бархе аз анвои нуриҳои маъданиро таъмин кунад. Ҳамакнун, ки чунин имтиёзро соҳиб шуд, метавонад бо тавлидоти худ дар бозори нуриҳои маъданӣ арзонӣ оварад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди соҳаи иқтисод
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди соҳаи иқтисод гуфт, ҳанӯз чанд соли пеш як чунин пешниҳодро тавассути матбуот ба ҳукумат матраҳ карда буд, вале агарчӣ дертар ба он рӯ оварданд, қабули чунин қарор бар манфиати иқтисоди кишвар хоҳад буд.

Аммо додани имтиёз ба ин корхона ҳамчунин ҳадсу гумонҳоеро ба бор овардааст, ки имкон дорад ин муассиса маҳсулоти тайёрро аз хориҷи кишвар харидорӣ карда ва бо истифода аз имтиёзҳояш бо нархи арзонтар фурӯшад. Дар ин сурат дар бозор як навъ рақобати носолим ба вуҷуд хоҳад омад.

Бо ин ҳол Шукурҷон Зуҳуров, спикери порлумони Тоҷикистон додани имтиёз ба корхонаи "Тоҷиказот"-ро роҳи муносиби барқарории фаъолияти корхона ва ҳамчунин бо маводи кимиёвӣ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
таъмин кардани арсаи кишоварзии Тоҷикистон намеҳисобад. Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки вогузории чунин имтиёз танҳо барои як сол аст, вале масъулин бояд дар андеша бошанд, ки мушкилотро барои ҳамеша ҳал кунанд.

Корхонаи "Тоҷиказот", яке аз муҳимтарин корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ ба иллати боло рафтани баҳои гази табиӣ комилан аз фаъолият бозмондааст. Дар ин корхона 1 ҳазор нафар кор мекард. Иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як сол 180 ҳазор тонна маводи кимиёвиро ташкил медиҳад. Аз соли 2002 ба ин сӯ ин корхона моликияти муштараки ҷумҳурии Кипр ва давлати Тоҷикистон аст, ки мутаносибан 80 ва бист дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр доранд.
XS
SM
MD
LG