Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 110 000 сайёҳ Тоҷикистонро тамошо кардаанд


Танҳо дар нимаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 110 000 сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд. Соли гузашта шумори чунин меҳмонони кишвар 160 000 нафар буд. Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кишвар талош дорад, то соли 2020 ба ҷалби то 1 миллион сайёҳи хориҷӣ дар сол даст биёбад. Оқои Файзуллоев гуфт, мушкилоти мавҷуд дар хидматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ боис мешавад, ки бархеи онҳо ҳаваси сафари дубора ба Тоҷикистонро гум мекунанд. Лочин Файзуллоев аз ҷумла ба зарурати беҳбуди кори гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ дар фурудгоҳҳо ва ҳатман забони хориҷиро донистани онҳое, ки дар чунин мавқеъият кор мекунанд, таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG