Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомӣ дар таҳияи тарҳи қатънома доир ба Сурия


Эътирозҳо дар Сурия қатъ нашудаанд
Эътирозҳо дар Сурия қатъ нашудаанд
Дар Шӯрои амнияти СММ ихтилофи назар дар мавриди тарҳи қатънома оид ба низоъ дар Сурия боқӣ мемонад. Аъзои Шӯрои амният дирӯз боз як нишаст доир карданд ва аммо дар мавриди таҳияи тарҳи муштарак ба пешрафт муваффақ нашуданд.

Дар тарҳи аввал, ки дипломатҳои Бритониё, Фаронса, Олмон ва Португалия бо пуштибонии ИМА таҳия кардаанд, ба эҳтимоли ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи режими Башор Асад дар сурати идомаи амалиёт алайҳи намоишҳои мардуми осоишта ишора шудааст.

Ва аммо дар тарҳи дуввум, ки сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин пешниҳод кардааст, хушунат аз сӯи ҳам ҷонибдорон ва ҳам мухолифини Башор Асад маҳкум шуда дар бораи таҳримҳо чизе гуфта нашудааст.

Русияву Чин, ду узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва ҳамчунин Бразилия, Ҳиндустон ва Африқои ҷанубӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурия мухолифанд.

Ба иттилои СММ, аз оғози намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия дар шаш моҳи ахир беш аз 2700 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG