Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги муфоҷои ситораи тулӯънакардаи футбол


Саёб Авона
Саёб Авона

Футболбози мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, ки бо пошнааш гол зада, ба як ситораи интернет табдил ёфта буд, рӯзи якшанбе дар садама ба ҳалокат расид.

Рӯзи якшанбе дар Абу Забӣ Саёб Авона пас аз тамрини мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Араб ба хона бармегашт, вале дар роҳ мошини ӯ бо як мошини боркаш бархӯрда, дар натиҷа Авона ҳалок шуд.

Моҳи июл дар қувваозмоии Имороти Мутаҳидаи Араб Авона зарбаи ҷаримавии 11-метраро бо пошнааш ба ҳадаф расонда буд. Миллионҳо нафар дар Ютюб ин наворро тамошо кардаанд. Бисёриҳо умед доштанд, ки ин ҷавони 21-сола ба ситораи миқёси ҷаҳонӣ табдил меёбад, вале насибаш накард.



Рӯзи панҷшанбе ситораи ҷаҳонии футбол Диего Марадона, ки ҳоло дастаи футболи "Ал-Васл"-и Имороти Муттаҳидаи Арабро тарбия мекунад, аз хонаи Авона зиёрат намуда, ба аҳли оилаи ин ситораи ғӯрамарг таъзия баён кард.
XS
SM
MD
LG