Дар ин ҳамоиш аз ҷумла гуфтанд, агар то соли 2014 артиши Афғонистон ва нерӯҳои пулис ба пойи худ наистанд ва нерӯҳои НАТО-ву Амрико Афғонистонро тарк кунанд, Толибон дигарбора ба ҳукумат бармегарданд.
Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ батадриҷ масъулияти таъмини амнияти Афғонистонро ба худи нерӯҳои афғон супурда ва то бештар аз 2 соли дигар ин кишварро тарк кунанд.
Масъалаи суботу амният дар Осиёи Марказиро дар як гуфтӯгу бо Нозим Аббос, таҳлилгар аз Пажӯҳишгоҳи Шарқу Ғарб дар Лондон дар миён гузоштем ва аз ӯ пурсидем, сарнавишти Афғонистон баъди соли 2014 чӣ гуна хоҳад буд?
СЕ ОМИЛ
Нозим Аббос: "Ба андешаи ман, се омил ояндаи Афғонистонро рақам хоҳад зад. Аввал ин ки то чӣ ҳад, ниҳодҳои амниятии он тавоно ҳастанд, то чӣ ҳад мардуми Афғонистон худро дар дохили кишвар, марзҳои он ва бо нерӯҳои хориҷӣ амн эҳсос мекунанд. Дуввум ин ки то куҷо дар таркиби мақомоти интизомии Афғонистон тавозуни этникӣ риоя мешавад, аз ҷумла дар мақомоти пулис, амнияти дохилӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва амнияти хориҷӣ. Севум, коромадии ҳукумат дар иҷрои корҳои ҳаррӯзаи шаҳрвандон аст. Сарнавишти Афғонистонро ҳамин се чиз ҳал мекунад, на ин ё он гурӯҳи хоси ҷангӣ дар кишвар."
БИМИ ЗИЁД
Радиои Озодӣ: Ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то куҷо ба вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт?
Нозим Аббос: "То кунун ягон ҳамлаи мустақим ва ё дахолати мустақим дар имтидоди марзҳои Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат нагирифтааст. Афғонистон марзҳои тӯлонии муштарак бо Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дорад ва то кунун ин марзҳо ба таври муассир посбонӣ шудаанд. Шояд бими зиёди амниятӣ аз оянда нигаронкунанда аст, на аз баррасиҳои воқеъбинона, ки ҳатто дар замонҳои бадтарин чӣ гуна буданд."
МАРЗҲО АМНАНД?
Радиои Озодӣ: Аммо ҳоло то куҷо марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон амн ҳастанд ва то куҷо таҳдидҳо дар ин марзҳо зиёданд?
Нозим Аббос: "Сатҳи амниятӣ дар имтитоди марзҳо гуногун аст. Як таҳдид, хатари убури гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ин марзҳо ва ҳамла ба истиқлоли миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳост, ки то кунун иттифоқ наафтодааст. Аммо дигар хатарҳо ҳаст, ба мисли гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд ва бо истифода аз заъфи нерӯҳои марзбонӣ тиҷорати худро ба роҳ мемонанд ва маводи мухаддир, силоҳ ва ғайра қочоқ мекунанд. Ин гуна ҳодисаҳо аз солҳои гузашта идома дошт ва аз ин рӯ бояд посбонии марзҳо тақвият дода шавад, то вазъро ба маҷрои дуруст ворид кунем."
ИРТИБОТИ ТОҶИКОН
Радиои Озодӣ: Ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 бахусус барои Тоҷикистон, ки марзи тақрибан 1400 километрӣ бо Афғонистон дорад, чӣ паёмаде хоҳад дошт?
Нозим Аббос: "Тоҷикистон метавонад хушбинона ба оянда назар кунад ва миёни ду кишвар пулҳои иртиботӣ, тиҷоратӣ ва дӯстӣ бунёд кунад. Чаро ки Тоҷикистон ҳеҷ иртиботи мустақиме бо ғайритоҷикҳо дар Афғонистон надорад. Иртиботи онҳо асосан ё бо тоҷикҳо ва ё бо узбакҳои Афғонистон аст. Чун дар имтидоди марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон гурӯҳҳои паштуҳо зиндагӣ намекунанд. Аз ин рӯ, бо назардошти пулҳое, ки бар фарози рӯдхонаи Панҷ сохта шудаанд, метавон гуфт, ки тоҷикон метавонанд, ин аз василаи хайрия барои Афғонистон ба дороӣ барои худ табдил диҳанд. Аз ин роҳ метавонанд, дипломатияи мардумӣ, тиҷорати мардумӣ ва табодули фарҳангиро рушд диҳанд ва ин метавонад, мардуми ду кишварро ба ҳам орад ва кафолати бузурге барои амнияти ҳам мардуми Тоҷикистон ва ҳам мардуми Афғонистон бошад."
ВАЗЪ ХУБ МЕШАВАД, АГАР...
Радиои Озодӣ: Имкони он вуҷуд дорад, ки дар тӯли ду соли оянда вазъ дар Афғонистон назар ба вазъи баде, ки дар он ҳукмфармост беҳтар шавад?
Нозим Аббос: "Имкони он вуҷуд дорад, ки вазъ тағйир ёбад, агар роҳҳои ҳалро на аз роҳи зӯрӣ, балки аз роҳҳои дипломатӣ биҷӯянд. Шеваҳои дипломатие, ки аламу гилояҳои тамоми қавму миллатҳои Афғонистонро ба инобат бигиранд, ки аз ҷомеаҳои гуногун ҳастанд ва бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳукумати бештар фарогиру намоянда, кафолати хубтару беҳтари амнияти шаҳрвандони Афғонистон буда метавонад. Агар аз сӯи дигар роҳи ҳалро бо истифода аз нерӯ, масалан бо 20, 30 ё 40 ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар марзи Афғонистону Покистон биҷӯянд, шояд вазъро барои кӯтоҳмуддат ва ё чанд моҳ беҳтар кунад, аммо ин роҳи ҳалли масъала барои дарозмуддат нест."
Имкони он вуҷуд дорад, ки вазъ тағйир ёбад, агар роҳҳои ҳалро на аз роҳи зӯрӣ, балки аз роҳҳои дипломатӣ биҷӯянд...