Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ гуфт, ИМА бояд фишорро болои Покистон хотима диҳад


Нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ аз ИМА даъват кард, ки айбдоркунии Исломободро дар бесуботкунии минтақа хотима диҳад. Вашингтон вақтҳои охир фишорро болои Покистон дар заминаи муборизаи нокофиаш зидди шӯришиён афзоиш додааст. Гелонӣ имрӯз дар ҳузури раҳбарони сиёсии кишвар гуфт, ки “интиқод бояд хотима дода шавад ва манфиатҳои ҳассоси миллии Покистон бояд эҳтиром шаванд”. Вай афзуд, ки дар шароити идомаёбии ҷанги зиддитерррор “Покистон набояд аз ин зиёд мавриди фишор қарор гирад”. Дар нишасти имрӯзаи Исломобод, ки барои баррасии равобити кунинии Покистон ва ИМА дар заминаи муқобилаи Исломобод бо ошӯбгарону Толибон ташкил шудааст, бояд тамоми раҳбарони низомиву сиёсӣ ва мухолифони кишвар ҳозир шаванд.
XS
SM
MD
LG