Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар мавсими имсола дар ҷаҳон дуввум шуд


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров
Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, аз рӯи ҷамъбасти мусобиқоти даъвати ҷаҳонии Созмони байналмилалии варзишҳои майдонӣ (IAAF World Hammer Throv Challenge) дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дилшод, ки дар даври охирини мусобиқот дар шаҳри Загреби Хорватия бо натиҷаи 80 метру 30 сантиметр ғолиб шуд, дар мавсими имсола низ бо 235.02 метр мақоми дуввумро касб кард. Кристиан Парс (Маҷористон) бо 239.03 метр ҷои якум ва Примож Космус (Словения) бо натиҷаи 233.90 метр ҷои севумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG