Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА раҳбарони шабакаи Ҳаққониро террорист унвон кардааст


Ҳукумати ИМА мавзӯъи ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кардан ё накардани шабакаи Ҷалолиддин Ҳаққониро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, зимни як суханронӣ дар Вошингтон хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳукумати Амрико раҳбарони ин шабакаро аллакай террорист унвон кардааст.

Агар шабакаи Ҳаққонӣ расман гурӯҳи террористӣ эълон шавад, ба шаҳрвандони Амрико ҳама гуна кӯмак ба он манъ ва ҳисобҳои бонкии шабака дар ИМА мунҷамид карда хоҳанд шуд.

Мақомоти Покистон иттиҳомоти Амрико дар бораи робитаашон бо шабакаи Ҳаққониро рад мекунанд. Вошингтон ин гурӯҳро дар ҳамла ба сафорати ИМА дар Кобул ва дигар ҳамлаҳои террористӣ айбдор мехонад.
XS
SM
MD
LG