Пайвандҳои дастрасӣ

Уфту хези доллар дар бозори Тоҷикистон


То рӯзи 23-юми сентябри соли ҷорӣ қурби доллар дар бозори Тоҷикистон рӯ ба болоравӣ буд.

Рӯзи 22-юми сентябр дар нуқтаҳои саррофӣ як доллар ба қимати 4 сомониву 90 дирам табдил мешуд. Рӯзи 24-уми сентябр бошад қимати як доллар даҳ дирам коҳиш ёфт ва ба 4 сомонӣ ва 80 дирам расид.

Вале рӯзи шанбе ва якшанбеи 24 ва 25 сентябр қимати як доллар дар дӯконҳои саррофӣ то 4 сомониву 60 дирам поин омад. Ин дар ҳолест, ки қурби доллар дар Русия ва дигар кишварҳои минтақа боло рафт.

Вале дар рӯзи душанбеи 26-уми сентябр боз қимати доллар боз боло рафт ва як доллар ба қимати 4 сомониву 80 дирам табдил шуд. Вале дӯконҳои саррофӣ як долларро ба қимати 4 сомонӣ ва 90 дирам мефурӯшанд. Абдулғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ пастравии қурби долларо дар тӯли 3-рӯзро чунин шарҳ дод:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00
Линки мустақим


Ба эътиқоди профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, шояд коҳиши қурби доллар дар 3-рӯзи далели норӯшанӣ дар бозори ҷаҳонӣ бошад. Вале ба эътиқоди вай, ин се рӯз як навъи санҷиши лабораториро мемонад, ки давлат шояд ба хотири ҷамъоварии арз имтиҳон карда бошад:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00
Линки мустақим


Ва рӯзи сешанбеи 27-уми сентябр қурби доллар боз боло рафт ва қимати як доллар ба 4 сомониву 87 дирам расид.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, имкон дорад ояндаи наздик қимати як доллар ба 4 сомонӣ ва 90 дирам бирасад.
XS
SM
MD
LG