Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ шаллоқ ба зан барои ронандагӣ


Додгоҳи Арабистони Cаудӣ як хонумро барои хилофи қонун ронандагӣ кардан ба даҳ шаллоқ маҳкум кард.

Шоима Ғасания дар рондани мошин дар шаҳри бандарии Ҷидда дар моҳи июли соли равон айбдор шудааст. Ба навиштаи созмони Women2drive, ки аз ҳаққи занон барои ронандагӣ ҳимоят мекунад, хонум Ғасания ахиран ба Додгоҳи таҷдиди назари Арабистони Саудӣ муроҷиат кард.

Тобистони соли равон шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Фейсбук маъракаеро барои ҳаққи ронандагии занҳои Cаудӣ роҳандозӣ карданд.

Онҳо аз занҳои дар хориҷа соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда даъват намуданд, ки пушти фармони мошин нишинанд. Яке аз он занҳо Моҳа Каҳтонӣ баъдан дар як торнамо навишт, ки ба нишони эътироз алайҳи қонуни манъи ронандагӣ 45 дақиқа дар шаҳри Ар-Риёз, пойтахти кишвар, мошин рондааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо, рӯзҳои наздик боз ҳадди аққал ду зани дигари саудӣ барои поймол кардани қонуни манъи ронандагӣ ба додгоҳ кашида мешаванд.

ИҚДОМИ «ИНҚИЛОБӢ»-И ШОҲ АБДУЛЛО

Ҳукми хонум Шоима ду рӯз баъд аз он содир шуд, ки шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло соҳиби ҳаққи раъй ва ширкат дар интихобот шудани занҳои кишварро эълон кард. Дар як паём ба Шӯрои машварат Абдуллоҳ гуфт, иҷрои ин тарҳ аз соли 2015 шурӯъ хоҳад шуд.

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки иқдоми ахири шоҳ Абдуллоро метавон ”инқилобӣ” номид, зеро розӣ кардани рӯҳониён ба он, ки занон на фақат ҳаққи раъйдиҳӣ, балки ҳаққи интихоб шуданро ҳам дошта бошанд, саҳл нест. "Дуруст аст, ки Маҷлиси Шӯрои Арабистон ҳанӯз маҷлиси интихобӣ нест ва аммо анҷуману маҷолиси маҳаллӣ интихобиянд ва занҳо метавонанд интихоб шаванд ва нақши умдатаре дар ҷомеа дошта бошанд",-мегӯяд ӯ.

ЗАНҲО ДАР ИНТИЗОРИ ИҚДОМИ НАВИ ПОДШОҲ

Аммо дар Арабистони Саудӣ, албатта, бо пойфишории рӯҳониёни аршад, ҳамоно мошин рондани занон ва мусофирати онҳо бидуни раҳбаладии мард мамнӯъ аст. Оё метавон интизор шуд, ки бонуҳои Саудӣ ба зудӣ аз ин ҳуқуқҳои худ бархӯрдор мешаванд?

Алиризо Нуризода ба ин хушбин нест, зеро ба гуфтаи ӯ, ронандагии занон на ҷанбаи сиёсӣ, балки бештар ҷанбаи фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Занон хуб медонанд, ки ҳукумат омода аст ба онҳо ин ҳаққро ҳам бидиҳад ва аммо ин бофти суннати ҷомеаи Арабистон ва рӯҳониёни аршад ба ин мухолифанд.

Аммо, меафзояд доктор Нуризода, ба ҳар ҳол метавон умедвор буд, ки гомҳои навбатӣ дар арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои занони Арабистони Саудӣ – иҷозаи ронандагӣ ва бидуни сарпарастии мардҳо мусофират кардани онҳо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG