Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба ҷони вазири дифоъи Яман


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ
Бино ба хабарҳо, вазири дифоъи Яман Муҳаммадносир Аҳмад Алӣ аз як сӯъиқасд, ки 10 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт, ҷони солим ба дар овардааст. Мақомоти амниятии Яман гуфтаанд, дар бандари Адан дар ҷануби Яман як мошини бомбгузоришуда таркидааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ҳамла интиҳорӣ буд ё на. Ин сӯъиқасд дар ҳолест, ки эътирозҳо алайҳи режими раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Яман идома дорад. Ӯ, ки баъди як сӯъиқасди моҳи июн 3 моҳ боз дар Саудия дар табобат қарор дошт, рӯзи ҷумъа ғайриинтизор ба Санъо баргашт.
XS
SM
MD
LG