Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон


Теннисбозони ҷавон - Фаридуни Баҳодур ва Милана Имомничазова барандагони Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон шуданд.

Дар мусобиқаи теннис барои Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барои бори панҷум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 47 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат дошт.

Дар сабқати мардон ду теннисбози ҷавони тоҷик – Фаридуни Баҳодур ва Бахтиёр Саъдуллоев ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Фаридуни Баҳодур бо ҳисобҳои 6:3, 7:5 ба анҷом расид.

Дар сабқати занон Нодира Муллоҷонова (Тоҷикистон) ва Милана Имомничазова (Қазоқистон) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Теннисбози қазоқ бар рақибаш бо ҳисобҳои 6:3, 6:4 пирӯз шуд ва ғолиби мусобиқа гардид.

Натоиҷи бозиҳои даврҳои 1/4 ниҳоӣ, 1/2 ниҳоӣ ва ниҳоӣ
Мардон


1/4 ниҳоӣ:

1. Ҷаҳонгири Баҳодур (Тоҷикистан) - Аҳмадҷони Муҳаммад (Тоҷикистон) – 6:4,6:3. 2. Фаридуни Баҳодур (Тоҷикистан) - Манзур Ҳуснаин (Покистон) – 6:2, 6:1.
3 Суннат Исроилов (Тоҷикистан) - Эраҷ Бафоев (Тоҷикистон) – 6:4, 6:2.
4. Бахтиёр Саъдуллоев (Тоҷикистан) – Рашид Азизӣ (Афғонистон) – 6:2, 6:4

1/2 ниҳоӣ:

1.Фаридуни Баҳодур (Тоҷикистан) - Ҷаҳонгири Баҳодур (Тоҷикистон) – 6:4, 6:3.
2. Бахтиёр Саъдуллоев (Тоҷикистан) - Суннат Исроилов (Тоҷикистон) – 6:2, 6:2.

Финал

Фаридуни Баҳодур (Тоҷикистон) - Бахтиёр Саъдуллоев (Тоҷикистон) – 6:3, 7:5.

Занон

1/4 ниҳоӣ:

1. Мунаввара Салимова (Тоҷикистон) – Арина Беляева (Қирғизистон) – 6:2, 6:2.
2. Нодира Муллоҷонова (Тоҷикистон) - Марям Эляд (Афғонистон) – 6:0, 6:0.
3. Милана Имомничазова (Қазоқистон) - Елена Панфилова (Қирғизистон) – 6:3, 6:2.
4. Нина Турсунова (Тоҷикистон) - Меҳрангез Сатторова (Тоҷикистон) – 6:3, 6:4.

1/2 ниҳоӣ:

1. Нодира Муллоҷонова (Тоҷикистон) - Арина Беляева (Қирғизистон) – 6:0, 6:3.
2. Милана Имомничазова (Қазоқистон) - Нина Турсунова (Тоҷикистон) – 6:1, 6:1.

Финал

Милана Имомничазова (Қазоқистон) - Нодира Муллоҷонова (Тоҷикистон) – 6:3, 6:4.
XS
SM
MD
LG