Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди генерал Каёнӣ аз Лондон дар шароити ихтилоф бо ИМА


Вазири дифои Бритониё мегӯяд, ки раиси артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ аз Лондон дидан мекунад. Ин сафар дар шароити афзоиши ихтилофҳои миёни Исломободу Вашингтон бар сари иттиҳомоти марбут ба даст доштани оҷонсии истихбороти Покистон дар ҳамлаҳо болои ҳадафҳои амрикоӣ дар Афғонистон сурат мегирад. Низомиён мегӯянд, ки Каёнӣ қарор аст бо ҳамтои бритониёиаш Лиам Фокс дар чаҳорчӯби як мулоқоти хусусӣ вохӯрӣ кунад. Ҳафтаи гузашта низомии баландпояи амрикоӣ адмирал Майл Муллен Оҷонсии истихбороти Покистонро дар кӯмак ба шӯришиёни Афғонистон ва эҳтимоли даст доштани он дар ҳамла болои сафорати Амрико дар Кобул рӯзи 13 сентябр айбдор кард. Каёнӣ ин иттиҳомотро ҳамчун бепояву асос рад кардааст.
XS
SM
MD
LG