Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Саудия ба занон ҳаққи раъй медиҳад


Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ имрӯз эълом дошт, ки занон дар кишвараш соҳиби ҳаққи раъй ва имкони ширкат дар интихобот хоҳанд шуд. Дар паём ба Шӯрои машварат Абдуллоҳ гуфт, иҷрои ин тарҳ дар соли 2013 шурӯъ хоҳад шуд.

“Мо дар ҳошия гузоштани нақши занро дар ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи саудӣ дар чаҳорчӯби қонунҳои шариат рад мекунем ва дар ҷараёни машварат шӯрои уламои аршад ва дигарон, хориҷ аз он ин равишро истиқбол карданд ва аз он ҳимоят карданд. Биноан, мо чунин тасмим гирифтем, ки аввалан, занон дар кори Шӯрои машварат ширкат кунанд. Сониян, онҳо битавонанд, номзадии худро ба шӯроҳои маҳаллӣ пешбарӣ намоянд.”

Фаъолони ҳуқуқи зан дар Арабистони Саудӣ солҳо ба ин сӯ ҳаққи райъдиҳӣ ва ширкат дар интихоботро талаб мекарданд. Ҳамоно дар ин кишвар мошин рондани занон ва саёҳати онҳо бе сарпарастии мард мамнӯъст.
XS
SM
MD
LG