Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, ин навбат Путин президент мешавад


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, бояд Владимир Путин раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад. Изҳороти Медведев дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” рӯзи дувум аст, анҷумани худро дар Маскав идома медиҳад. Вай гуфт: “Ба фикрам, дуруст мешавад, ки анҷуман номзадии раҳбари ҳизб Владимир Путинро ба мақоми раёсатҷумҳурии кишвар пуштибонӣ кунад.” Пештар сарвазир Владимир Путин гуфт, Медведев дар саргаҳи феҳрасти ҳизбӣ дар интихоботи порлумонии 4-уми декабр ҳузур хоҳад дошт. Путин дар анҷуман ҳамчунин гуфт, вай ва Медведев дар ин бора муддатҳо пеш ба созиш расидаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳам Путин ва ҳам Медведев қаблан гуфтаанд, ки шояд дар интихоботи президентӣ ширкат кунанд ва расонаҳо аз ихтилофи қудрат байни онҳо хабар медоданд.
XS
SM
MD
LG