Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоида аз конҳои тило ба ҷайби кӣ меравад?


Бист сол пеш президенти тозаинтихобшудаи Қирғизистон Аскар Оқоев як пора тилои маҳаллиро нишон дода, таъкид карда буд, ки ояндаи ин кишвар ба тило вобаста хоҳад буд.

Дар ин муддат дар Қирғизистон беш аз 220 кони нави тило ба истифода супурда шудааст. Бо ишора ба ин омор вазири захираҳои табиии Қирғизистон Замирбек Эсеналиев мегӯяд, солона истихроҷу коркарди тило ба Қирғизистон камаш 120 миллион доллар фоида
Эҳтимол агар созишҳои ҳамкории Қирғизистон бо ширкатҳои хориҷии тавлиди тило дуруст таҳия мешуданд, мафоди зиёд ба даст меомад...

мерасонад, ки он 15 дарсади маҷмаи нохолиси миллӣ ва ё 40 дарсади содироти Қирғизистонро ташкил медиҳад.

Эсеналиев тахмин мекунад, ки имсол даромади кишвар аз ҳисоби тило метавонад то 175 миллион доллар боло равад, зеро нархи тило рӯ ба афзоиш аст. Тибқи пешбиниҳои расмӣ захираи тилои хоми Қирғизистон беш аз 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки дар миёни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Феълан як унси троии тило, яъне каме беш аз 31 грамм тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ 1 ҳазору 800 доллар қимат дорад.

22 000 ДОЛЛАР ДАРОМАД БАРОИ ҲАР НАФАР

Аскар Оқоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон
Ҳамин тариқ агар захираи тилои Қирғизистон миёни панҷуним миллион аҳолии ин кишвар тақсим шавад, ба ҳар як фард 22 ҳазор доллар даромад хоҳад расонд. Вале воқеият ин аст, ки имрӯз Қирғизистонро камбизоатии саросари ба оғӯш гирифта, маоши моҳонаи заҳматкашон муодили 150 то 200 доллари амрикоист.

Анора Довудалиева, раҳбари як созмони ғайридавлатӣ, ки баҳри ҳифзи муҳити зист талош меварзад, мегӯяд, пас аз касби истиқлоли кишвар бисёриҳо дод мезаданд, ки захираи тилои Қирғизистон ҳамаро аз камбағалӣ берун мекашад. Вале то кунун чунин ҳодиса рӯй надодааст.

Дар давоми шаш соли гузашта Қирғизистон ду инқилобро пушти сар кард. Соли 2005-ум Аскар Оқоев ва дар соли 2010-ум Қурмонбек Боқиев аз сари қудрат дур шуданд. Яке аз сабабҳои ин қиёмҳои мардумӣ фасоди мансабдорону сармоягузорони хориҷӣ ва аз ҷумла шаффоф набудани кор дар саноати тило зикр мешавад.

ЧАРО ФАҚАТ ЧИНИҲО КОР МЕКУНАНД?

Бо ишора ба эътирозҳои ҳафтаҳои ахир, ки дар он мардум аз фаъолияти конҳои тилои Қирғизистон шикоят доштанд, Довудалиева мегӯяд: "Эҳтимол агар созишҳои ҳамкории Қирғизистон бо ширкатҳои хориҷии тавлиди тило дуруст таҳия мешуданд, мафоди зиёд ба даст меомад. Мардум ҳам ҳисоби пулро аз худ кардааст. Ман ҳам чунин мешуморам, ки барои таъмини рӯзгор, гузаронидани об, таъмири роҳу мактаб ва корҳои дигар заруранд. Вале аз ҳама муҳим ин аст, ки ин ширкатҳо муҳити зистро расво накунанд.”

26-уми августи соли равон беш аз 300 сокини деҳаи Эмгегчини вилояти шарқии Норин як гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карда буданд. Онҳо талаб доштанд, ки ширкати чинии Солтон-Сарӣ корашро қатъ кунад. Эътирозгарон ибтидо се афсари полис ва баъдан се коргари чиниро латту кӯб карданд. Бердибек Доиров яке аз фаъолони эътироз дар деҳаи Эмгегчин мегӯяд: “Чаро фақат чиниҳо ин ҷо омада кор кунанд? Чаро корро ба қирғизҳо намедиҳанд? Мо талаб дорем, ки чиниҳо аз ин ҷо раванд. Бояд ҷавонони қирғизро ба кор гиранд. Агар чиниҳо кор кардан хоҳанд, ширкатро ба қирғизҳо диҳед, чиниҳо юарои мо кор кунанд.”

БА ШИРКАТҲО БОВАР НАДОРАНД...


Ба қавли Довудалиева мардум дигар умед надорад, ки ширкатҳои хориҷии истихроҷу коркарди тило ҳаёти онҳоро беҳбуд мебахшанд.
Анора Довудалиева хотирнишон мекунад, ки сар аз ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта соҳибкорон аз Канада ҳаққи истихроҷу коркарди тило дар кони Кумтор, воқеъ дар вилояти шимолу шарқии Иссихкӯлро ба даст оварда, дар ин муддат камаш 250 тонна тило содир намудаанд.

Алмосбек Отамбоев, сарвазири Қирғизистон дар кони тилои Кумтор
Тибқи гузоришҳо имсол истихроҷи тило дар Кумтор боз 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Вале мардум ҳеҷ эҳсос намекунад, ки аз ин ҳама сарвати саршор чизе ба қирғизҳо ҳам мерасида бошад. Соли 2009-ум дар зери фишори мардумӣ ҳукумати Қирғизистон маҷбур шуд, созиш бо ширкатҳои Канадаро тағйир дода, 33 дарсади саҳмияҳои конҳоро ба дасти худ гирад. Вале баъзе коршиносони қирғиз бар ин ақидаанд, ки саҳми ҳукумат бояд бештар бошад.

НОҚАНОАТМАНДИҲО

Аслан ҳамин гуна ноқаноатмандиҳо боис шудаанд, ки мардуми Қирғизистон салоҳиятҳои президенти ин кишварро коҳиш дода, низоми давлатдории Қирғизистонро аз раёсатҷумҳурӣ ба парламентӣ тағйир дод. Моҳи гузашта сарвазири қирғиз Алмосбек Отамбоев ваъда дод, ки ҳамкориҳои ҳукумат бо сармоягузорони хориҷиро комилан шаффоф менамояд.

Бар асоси лоиҳаи нави сармоягузорӣ ҳукумати Қирғизистон дар барномаҳои муштаракаш бо хориҷиён бояд камаш 43 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошта бошад ва сармоягузорони хориҷӣ наметавонанд беш аз 57 дарсади саҳмияҳоро аз худ кунанд. Ҳамчунон моҳи равон ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки дар давоми се соли оянда дар саноати истихроҷу коркарди тилои Қирғизистон камаш 250 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG