Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошт ва раҳоии як генерали қирғиз


Генерал Раҳимбердиев
Генерал Раҳимбердиев
Як генерали пулиси Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори як мақоми баланди давлатӣ боздошт ва дар пайи таҷаммӯъи тарафдоронаш дар ҳавлии шаҳрдории Ӯш озод шудааст. Раҳбари кумитаи оштии қавмии Ӯш Расулбердӣ Раҳимбердиев рӯзи сешанбе дар иртикоби парвандаи куштори Мадад Содирқулов, раҳбари вақти дастгоҳи президентии Қурмонбек Боқиев дар моҳи марти соли 2009 дастгир ва барои бозпурсӣ ба Бишкек бурда шуд. Сухангӯи шаҳрдори Ӯш Гулҷон Ойматова гуфт, ба дунбол дастикам 100 нафар, аксаран аз ҳамдеҳагони генерал аз рустои Толойқон ва бархе ҳатто савори асп дар назди шаҳрдорӣ гирди ҳам омаданд. Дирӯз додситонии кулл қарор кард, ки Раҳимбердиевро озод кунад, вале ӯ то анҷоми таҳқиқ ҳаққи тарки кишварро нахоҳад дошт.
Ҷасади сӯхтаи Содирқулов ва ду тан аз ёронаш дувуним сол пеш дар канори роҳе берун аз Бишкек ёфт шуд. Ибтидо мегуфтанд, ки онҳо дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷон бохтаанд, вале ахиран пулиси Қирғизистон гуфт, Содирқуловро кушта буданд. Ҳафтае пеш 3 нафари гумонбар дар ин ҷиноятро дар Душанбе дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG