Пайвандҳои дастрасӣ

22 сентябр - Рӯзи ҷаҳонии орӣ аз мошинҳо


Имрӯз, 22 сентябр, дар Врослави Лаҳистон нишасти ғайрирасмии вазирони дифоъи ИА доир мешавад. Имрӯз дар Маскав намояндагони Русияву Амрикову ИА ва САҲА ва Молдоваву вилояти ҷудоихоҳи Приднестровйе гирди ҳам меоянд. Попи Рум Бенедикт имрӯз бо як сафари чоррӯза ба Олмон меравад. 22 сентябри соли 1980 тонкҳои Ироқ вориди марзи Эрон шуданд, ки ин ба ҷанги ду кишвар оғоз гузошт. Имрӯз дар Теҳрон ба ин муносибат як паради низомӣ доир хоҳанд кард. Ва 22 сентябр дар тақвимҳои байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии орӣ аз мошинҳост ва дар ин рӯз ба ҳама тавсия мешавад, ки аз мошин истифода накунанд ва бештар пиёда роҳ гарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG