Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо барои муқобила бо скинхедҳо дар Русия


Фаъолони ҷомеаи маданӣ аз Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ аз давлати Русия хостаанд, ба зуҳуроти хатарноки бегонаситезӣ дар он кишвар хотима диҳад. Дар баёнияе, ки ба унвони давлати Русия ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ирсол шудааст, хатари афзоиши гурӯҳҳои неофашистӣ дар Русияро, на камтар аз хатари тундгароии исломӣ хондаанд. Муаллифони баёния ба қатли як ҷавони 24-солаи тоҷик дар вилояти Маскав ишора кардаанд, ки бо бераҳмии хосе аз сӯи сартарошидаҳои рус кушта шудааст. Муаллифони баёния, ки хабарнигорону фаъолони ҳуқуқ ҳастанд, гуфтаанд, Русия барои муқобила бо бегонаситезӣ ва миллатгароёни рус, ки талош доранд, ба саҳнаи сиёсӣ дар ин кишвар ворид шаванд, саъйи чандоне намекунад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сар аз соли равон то моҳи август, тақрибан 70 муҳоҷири кории тоҷик қурбонии гурӯҳҳои миллатгарои рус шудаанд.
XS
SM
MD
LG