Тайи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 12 100 ҷиноят сабт шудааст. Ожонси омор мегӯяд, мизони ҷиноёт дар кишвар имсол ба ҳисоби миёна 26,5 дарсад, вале дар вилояти Суғд – 45 дарсад афзудааст. Дар ин муддат дар Тоҷикистон мавориди сабтшудаи ришвахорӣ 2,2 маротиба ва мавридҳои ҳамлаҳои ғоратгарона ва қаллобӣ 80 фоиз боло рафтааст.