Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андерс Брейвик то миёнаҳои ноябр дар боздоштгоҳ мемонад


Додгоҳи шаҳри Осло ҳукм кард, ки Андерс Беҳринг Брейвик, масъули ташкили таркиши дугонаи моҳи июл дар Норвегия, ки ҷони 77 нафарро гирифтааст, ба мӯҳлати чаҳор ҳафтаи дигар дар маҳбаси ҷудогона танҳо нигоҳдорӣ шуда, то моҳи ноябр дар зиндон ба сар хоҳад бурд. Тасмими мазкур имрӯз баъди як мурофиаи пушти дарҳои баста эълон шуд. Брейвики 32-сола эътироф кард, ки 22 июли соли ҷорӣ дар Осло дар як ҳодисаи тирандозӣ аввал ҳашт нафарро кушта баъди он 69 нафар бошандаи як қароргоҳи тобистонаро дар ҷазираи Утойя терор кардааст. Баъди 14 ноябр бояд додгоҳи нав сарнавишти Брейвикро ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG