Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости 357 млн $ кумак барои Покистон


СММ барои кумак ба миллионҳо осебдидаи селҳои охири Покистон аз ҷомиаи ҷаҳонӣ 357 миллион доллар хост. Ҳумайро Маҳбуб, сухангӯи идораи ёриҳои башарии СММ гуфт, ин маблағ ба хотири кумак ба беш аз 5,4 миллион осебдида дар ним соли оянда тақозо мешавад. Обхезиҳо дар вилоёти Синду Балуҷистони Покистон садҳо ҳазор манзил ва миллионҳо ҳектар замини киштро тахриб кард. Бар асари ин офати табиӣ дар Покистон 342 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG