Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони рус барои "насиҳати" Башшор Асад рафтаанд


Гурӯҳе аз вакилони мардумии Русия рӯзи ҷумъа ба хотири мулоқот бо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва мухолифони давлати ӯ вориди Димишқ шудаанд, то онҳоро ба музокироти сулҳ ташвиқ кунанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавл Илёс Умахонов, муовини раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии Думаи давлатии Русия навиштааст, “Русия омадааст, дар муколамаи дохилии сиёсӣ дар фазои мусолиматомез ва бидуни қурбонӣ” кӯмак кунад. Доир ба замони мулоқоти ин гурӯҳ бо Башшор Асад чизе маълум нест ва ҳам рӯшан нест, ки вакилони рус бо кадом гурӯҳи мухолифи давлати Сурия мулоқот мекунанд. Бо вуҷуди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ ва қатли бештар аз 2600 нафар, давлати Русия аз режими Башшор Асад ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG