Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ва Фаронса гуфтанд, Юнонро танҳо нахоҳанд гузошт


Раҳбарони Юнон, Фаронса ва Олмон бӯҳрони қарзи минтақаи евроро баррасӣ карданд. Юнон мегӯяд, дар ҷараёни телеконфаронс сарвазири Юнон Ҷорҷ Папандреу, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса, Николас Саркозӣ Юнонро «бахши ҷудоинопазир»-и минтақаи евро номиданд ва гуфтанд, чораҳои иловагии сарфаҷӯёнаи Юнон ба ин кишвар имкон хоҳад дод, ки аз бӯҳрон раҳо ёбад. Пештар, ширкати эътимодсанҷи «Мудӣ» сатҳи эътимод ба ду бонки Фаронсаро поён бурд ва мегӯяд, бар асари бӯҳрони молиявии Юнон як бонки дигари фаронсавӣ зери хатари коҳиши эътимод аст.
XS
SM
MD
LG