Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидор бо Далер Назаров дар Осорхонаи Гурминҷ


Дар Осорхонаи мусиқии Гурминҷ Завқибеков дар шаҳри Душанбе имрӯз мулоқоти дӯстдорони мусиқӣ бо Далер Назаров баргузор мешавад. Бино ба иттилои хабаргузории «Азия-Плюс» маблағе ки аз ин маҳфил ба даст меояд, ба хазинаи осорхона тақдим хоҳад гашт, ки асосан бо мадади мухлисон ва созмонҳои гуногун ҳифз шудааст. Осорхона дар соли 1990 аз маҷмӯаи гирдовардаи ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо Гурминҷ Завқибеков мураттаб шудааст. Завқибеков ҳамчунин дар парвариши ҳунрамандони ҷавон, аз ҷумла Далер Назаров саҳми босазо доштааст.
XS
SM
MD
LG