Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли такрори "баҳори араб" дар Осиёи Миёна?


Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз эҳтимоли такрори “баҳори араб” дар Осиёи Миёна ҳушдор дод.

Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав, Николай Макаров бо ишора ба ҳаводиси Либияву Сурия гуфт, ки ба ин тариқ сурат гирифтани ҳаводис дар Африқои шимолӣ ва Ховари Миёна тақрибан пешгӯинашаванда буд. Ӯ афзуд, ки маълум нест сарнавишти ин кишварҳо чӣ мешавад ва киҳо сари қудрат меоянд ва ин вазъ бояд бонги изтироб барои ҳама кишварҳо бошад.

Низомии баландрутба изҳор намуд, ки ҳамин гуна масоил дар кишварҳои Осиёи Миёна низ мавҷуд аст. “Русия бояд ба ҳама гуна таҳаввулот омода бошад”, афзуд ӯ.

ДАР ТОҶИКИСТОН НЕРӮЕ БАРОИ ЭЪТИРОЗ НЕСТ?

Виктория Панфилова, хабарнигор ва коршиноси рус, бо изҳороти генерал Макаров мувофиқ нест ва мегӯяд, ки эҳтимоли сар задани ҳаводисе чун дар Мисру Тунису Либияву Сурия дар Осиёи Марказӣ ночиз аст. “На дар Тоҷикистон ва на дар Ӯзбакистон нерӯи эътирозии дохилӣ мавҷуд нест. Назорати шадиди мақомот аз ҳама
Николай Макаров, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия

гуна намоишҳои иҷтимоии аҳолӣ ҷилавгирӣ мекунад. Масалан, агар барои намуна Тоҷикистонро бигирем, аксари мардуми қобили кор ба муҳоҷирати корӣ ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо рафтаанд. Мардҳое, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, аз нигоҳи ман, зиёд фаъол нестанд.”

Ба гуфтаи Виктория Панфилова, авзоъ дар Ӯзбакистон таҳти назорати ҳукумат қарор дорад, гурӯҳу расонаҳои дигарандеш пароканда шудаанд ва ҳама эътирозу норозигиҳо фаврану беамон саркӯб мешаванд. Дар Туркманистон ҳеҷ гурӯҳи мухолифи ҳукумат мавҷуд нест, мухолифин ҳанӯз замони Туркманбошӣ саркӯб ва аз кишвар берун карда шуда буданд.

Аз нигоҳи хонум Панфилова, ягона таҳдиди ҷиддии дохилӣ - эҳтимоли сар задани бенизомиҳо ба думболи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон аст, ки метавонад баъдан ба Ӯзбакистону Қирғизистон интиқол ёбад.

Вале Виктория Панфилова эҳтимоли аз сӯи нерӯҳои берунӣ рӯи минтақа таҳмил шудани нооромиҳоро байид намедонад. Вай мегӯяд: “Агар ҳодисае ҳам дар Осиёи Марказӣ рӯх бидиҳад, он метавонад аз хориҷа тарҳрезишуда бошад. Ман бо коршиносони зиёд, аз ҷумла, дар Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат кардам, онҳо аз ҳаракати тундгароҳои исломӣ аз Афғонистон сӯи Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳанд. Кай ин буруз мекунад, маълум нест ва ҳама чиз, албатта, ба эътидоли дохилӣ дар ин кишварҳо марбут хоҳад буд. Ҳоло сару садое ҳаст, ки баҳорон шояд нооромиҳо рӯх бидиҳанд.”

ДАРДИ САРИ “ДАРҲОИ БОЗ”?

Имкони аз сӯи нерӯҳои беруна таҳия шудани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Осиёи Марказиро коршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҳам байъид намедонад.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар таҳияи нооромиҳо ҳатман кишварҳои абарқудрат даст хоҳанд дошт. Раҷаби Мирзо мегӯяд, сиёсати дарҳои боз, ки ҳукумати Тоҷикистон бо он менозад, метавонад барояш дарди сари ҷиддӣ эҷод кунад: “Тоҷикистон ҳанӯз стратегияи сиёсати хориҷияшро маълум накардааст, яъне мушаххас накардааст, ки аз пушти кадом кишвар ва ба кадом хотир бояд равад ва ин вазъеро метавонад ба вуҷуд оварад, ки яке аз ин абарқудратҳо қонеъ боқӣ намемонад ва метавонанд таҳдидҳоеро роҳандозӣ кунад.”

Таҳлилгари тоҷик бо ишора ба изҳороти ахири генерал Николай Макаров гуфт, ки бори аввал як мақоми баландпояи рус аз имкони сар задани нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ ҳарф задааст. Ӯ афзуд, аз ин пеш таҳдиду ҳушдорҳои Маскав ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистон, дар бораи эҳтимоли такрори “баҳори араб” асосан аз сӯи расонаҳои Русия садо медоданд.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, “соли гузашта аз тариқи коршиносони наздик ба доираҳои Кремл таҳдидҳое зиёд
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик

буданд, ки Осиёи Миёнаро баҳору тобистони ниҳоят гарм интизор аст. Чун доираҳои коршиносии рус, албатта, иртиботе бо хадамоти махсусашон доранд, онҳо наметавонанд ҳарфе бигӯянд, ки пояе надошта бошад. Ин метавонад таҳдид ё гӯшзад ба раҳбарияти кишваре бошад, ки дар ин ё он масъала бо мақомоти Русия созишеро ба таври комил ё ба таври дилхоҳи русҳо ҳосил накардаанд.”

Оқои Мирзо дар идома гуфт, ҳукумати Тоҷикистон мутмаин аст, ки барояш аз дохил хатаре таҳдид намекунад, зеро дар кишвар айни ҳол нерӯи собиту қавии мухолиф нест. Зимнан, меафзояд Раҷаби Мирзо, кишварҳои арабӣ низ то шурӯъи бенизомиҳо итминон доштанд, ки назорати авзоъи дохили кишварро комилан дар ихтиёр доранд.

СПАД ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИРО ТАҲТИ НАЗОРАТ МЕГИРАД

Дар ҳамин ҳол Валихон Кайсар, узви собиқи Сенати Қазоқистон, мегӯяд, ки на Русия ва на Чин ба шурӯъи нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ манфиатдор нестанд. Ӯ меафзояд, дар ҳама кишварҳои минтақа, аз ҷумла, дар Қазоқистон омилҳо ва мушкилоти ҳамсон ҳастанд, ки метавонанд мардумро ба майдони эътироз бикашанд. Ҷаноби Қайсар дар ҷавоб ба ин пурсиш, ки дар Қазоқистон кадом омилҳо метавонанд боиси норозигии мардум аз ҳукумат шаванд ва барои тағйири он таҳрик диҳанд гуфт: “Ин омилҳо пеш аз ҳама, сатҳи баланди бекорӣ, қимати болои маводи озуқа, сатҳи пойини зиндагӣ, ба дорову фақир тақсим шудани ҷомеъаанд, ки айни ҳол 5 дарсад сарватманд, 25 дар сад миёнаҳоланд ва 70 дарсади дигар бо моҳонае бар мебаранд, ки базӯр ба рӯзгорашон мерасад.”

Сиёсатмадори қазоқ меафзояд, ки дар ҳама кишварҳои минтақа, шояд ба истиснои Туркманистон, мардуми зиёде ба интернет дастрасӣ доранд ва ин омил чун дар кишварҳои арабӣ дар намоишҳои эътирозӣ гирд омадани мардумро осон месозад.

Ва аммо Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) шояд ба зудӣ ҷилави аз тариқи интернет созмон додани намоишҳо дар қаламрави кишварҳои узви созмонро бигирад. Як манбаъ аз ин ниҳод ба нашрияи “Известия”, чопи Маскав, гуфтааст, ки СПАД ҳадаф дорад шабакаҳои иҷтимоии интернетро назорат кунад, то ки ба такрори ҳаводисе чун дар Тунису Миср ва дигар кишварҳои арабӣ имкон надиҳад. Ин манбаъ ташреҳ кардааст, ки гап аз сензура ва ё саркӯбсозии дигарандешӣ намеравад, балки “дар шароити феълӣ сохторҳое мавҷуданд, ки барои ташкили нооромиҳо аз робитаи мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоии интернет ва ҳамчунин аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ истифода мекунанд, ки ин метавонанд суботро ҳатто дар кишвари пешрафта баҳам занад.”
XS
SM
MD
LG