Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Камерон ба Маскав пас аз 5 соли "сардиҳо"


Нахустин бор дар панҷ соли охир сарвазири Британия ба Русия сафар кард. Интизор меравад, боздиди Дейвид Камерон аз Маскав равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду кишварро пас аз мушкилоте, ки бо марги мунаққиди Кремл Александр Литвиненко дар Лондон дар соли 2006 рӯ зада буд, тармим кунад. Қарор аст, Камерон бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин мулоқот кунад. Дар арафаи сафари ӯ сафорати Русия дар Британия хабар дод, ки торнамои он мавриди тахрибгарии дуздони интернетӣ қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG