Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тантовӣ дар додгоҳи Муборак шаҳодат намедиҳад


Раиси Шӯрои олии низомии Миср Ҳусейн Тантовӣ имрӯз имкони баёнот додан дар мурофиаи додгоҳи раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборакро надорад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба шабакаи телевизионии Al Arabia иттилоъ додааст.

Тантовӣ гуфтааст, ки ба ором кардани авзоъ дар Қоҳира баъд аз ҳамла ба сафорати Исроил машғул аст. Баъди аз сӯи тазоҳургарон забт шудани бинои сафорат миёни тазоҳургарон ва кормандони полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки шаби гузашта ҳам идома дошт. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳусейн Тантовӣ замони қудрати Муборак тайи 20 сол вазири дифоъ буд. Гуфта мешавад, ки баёноти ӯ чун бархе баёноти дигар метавонад барои ҳукми ниҳоии додгоҳ ҳалкунанда гардад.

Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ва чанд тан аз атрофиёнаш дар фасод ва даст доштан дар ҳалокати садҳо намоишгарон дар ибтидои соли равон айбдор мешавад. Бар асари намоишҳои оммавӣ Муборак маҷбур шуд, ки ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG