Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF Шӯрои миллии гузори Либияро эътироф кард


Кристин Лагард
Кристин Лагард
Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) рӯзи шанбе Шӯрои миллии гузори Либияро расман эътироф кард. Ин тасмим роҳи мақомоти нави Либия барои дарёфти кӯмаки молиявӣ аз Сандуқи байнулмилалии пулро ҳамвор мекунад.

Дар бораи эътирофи расмии ҳукумати нави Либия раиси Сандуқи байнулмилалии пул Кристин Лагард дар шаҳри Марсел, дар нишасти вазирони молияи ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам, хабар дод.

Шӯрои миллии гузор, ниҳоди расмии ошӯбгарони Либия, то имрӯз аз сӯи беш аз 60 кишвар ба сифати намояндаи қонунии мардуми Либия пазируфта шудааст.
XS
SM
MD
LG