Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди чораҳои амниятӣ дар Ню-Йорк ва Вошингтон


Мақомоти шаҳрҳои Вошингтон ва Ню-Йорк мегӯянд, ки баъд аз хабари имкони ҳамлаи террористӣ аз сӯи шабакаи Ал-Қоида дар рӯзи даҳумин солгарди ҳамла ба ин ду шаҳри бузурги Амрико чораҳои амниятиро ташдид бахшидаанд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, ки Кохи Сафед иттилоъи ҳанӯз тайиднашуда дар бораи ҳамла ба Ню-Йорку Вошингтонро тафтиш мекунад.

Интизор меравад, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи якшанбе аз шаҳрҳои Ню-Йорк, Вошингтон ва мавзеъи Шэнксвили аёлати Пенсилвания дидан кунад.

Даҳ сол пеш, рӯзи 11 сентябри соли 2001, бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания тақрибан 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

Мақомоти Амрико дар ин ҳамлаҳо шабакаи «Ал-Қоида»-ро муттаҳам мехонад.
XS
SM
MD
LG