Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои хабарнигорони тоҷик аз раиси ҷумҳур ва порлумон


Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон дирӯз бо нашри як муроҷиатномаи муштарак аз раиси ҷумҳур ва порлумон хостанд, монеъи фишори мақомоти расмӣ ба рӯзномаҳои мустақил шавад. Дар ин муроҷиатномаи иттиҳодияҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, ки дар рӯзи ҳамраъйи хабарнигорон нашр шуд, аз ҷумла қазияҳои додгоҳии чаҳор ҳафтанома, аз ҷумла “Миллат”, “Азия Плюс”, “Фараж”, “Озодагон” ва боздошти ду хабарнигор зикр шудаааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт: "Мо аз раисиҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фишорҳо ба васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон дархост кардем, то ҳамаи он қазияҳои судӣ, ки дар истеҳсолот ҳаст, мунсифона мавриди баррасӣ қарор гирад ва ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма дар иҷрои рисолати аслиашон монеа эҷод накунад." Мақомоти расмии Тоҷикистон тайи солҳои ахир бо баҳонаи паст задани шаъну эътибор ҳафтномаву хабарнигорони зиёдеро ба додгоҳ кашида ва аз онҳо садҳо ҳазор доллар ҷуброни маънавӣ талаб кардаанд.
XS
SM
MD
LG