Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаоҳои нав доир ба шиканҷаи маҳбусони афғон


Паймони НАТО интиқоли боздоштшудагони афғон ба маҳбасҳои таҳти назари нерӯҳои маҳаллиро бинобар иддаоҳо доир ба шиканҷаи зиндониён муттавақиф кардааст. Би Би Си бо такя ба як таҳқиқи Созмони Милал навиштааст, дар баъзе аз боздоштгоҳҳои Афғонистон, зиндониёро латукӯб карда ва ба нерӯи барқ мондаанд. Аз ин рӯ як мақоми НАТО ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфт, то замони таҳқиқи ин иддаъоҳо интиқоли боздоштшудагон ба баъзе аз маҳбасҳои Афғонистон муттавақиф мешавад. Созмони Милал мегӯяд, натиҷаҳои муҳими пажӯҳишро дар ихтиёри мақомоти Афғонистон гузоштааст.
XS
SM
MD
LG