Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Момчило Перишич ба 27 соли зиндон маҳкум шуд


Момчило Перишич
Момчило Перишич
Додгоҳи ҷиноёти ҷанги СММ фармондеҳи собиқи артиши Югославия Момчило Перишичро бо ҷурми қатлу муҷозот ва ҳамлаҳо алайҳи мардуми мулкӣ дар солҳои ҷанги Боснияву Хорватия ба 27 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Ҳейг Перишичи 67-соларо дар таъмини моливу фаннии сербҳои Боснияву Хорватия ва кумак дар анҷоми ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли омми 8 000 марду навраси мусалмон дар Сребренитса ва 42 моҳи муҳосираи Сараево, муҷрим шинохт. Аммо додгоҳ иттиҳомоти ҷиноёт алайҳи башариятро аз айбномаи Перишич лағв кард. Худи ӯ кулли иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG