Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи хабарнигори тоҷик аз Ӯзбакистон


Мақомоти интизомии Ӯзбакистон Ҳамид Отахонов, хабарнигори тоҷикро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ӯ, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, 7 сол боз муқими Бухоро буд, мегӯяд бо иттиҳоми бофтаи барангехтани адовати миллӣ радди марз шудааст: ”Ду сокини Бухоро аз болои ман ба Хадамоти амнияти миллии Узбакистон нома навиштаанд, ки Отахонов тоҷикҳову узбакҳоро муқобил мегузорад." Аммо Ҳамид Отахонов мегӯяд, дар Узбакистон ба фаъолияти сиёсӣ даст назадааст ва роҷеъ ба масоили миёни ду кишвар низ чизе мунташир накардааст, ки боиси норизоятии мақомоти Узбакистон шуда бошад.
XS
SM
MD
LG