Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов "Туркманнома" ё "Одамнома" иншо мекунад


Рӯзи корӣ дар Туркманистон бо қироати "Рӯҳнома" шурӯъ мешавад
Рӯзи корӣ дар Туркманистон бо қироати "Рӯҳнома" шурӯъ мешавад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ба зудӣ китоби наверо иншо хоҳад кард, ки ҷойгузини “Рӯҳнома” хоҳад шуд.

Як мақоми ҳукуматӣ ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки китоби нав “Туркманнома” ё “Одамнома” номгузорӣ хоҳад шуд. Ин номҳоро адиби туркман Тоҷгедлӣ Гутлиев ҳанӯз моҳи май дар як матлаб дар нашрияи расмии ҳукуматӣ пешниҳод карда буд. Ӯ ҳамчунин ба зарурати иншои як китоб – раҳнамои мардум дар "марҳалаи нави таърихи туркманҳо", яъне замони сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, таъкид карда буд.

Муаллифи “Рӯҳнома”, ки алҳол китоби рӯи мизии ҳар як туркман маҳсуб мешавад, раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов буд, ки моҳи декабри соли 2006 аз олам даргузашт.

Мундариҷаи китоби нав то ҳол ошкор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол сарвари Туркманистон амр кард, ки рӯзи 12 сентябр дар кишвар ҷашни даҳсолагии таълифи “Рӯҳнома” таҷлил шавад.
XS
SM
MD
LG