Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи Айнӣ. Чин аз бими Тошканд насохт, Эрон месозад


Гуфтушуниди раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод (аз чап) ва ҳамтои тоҷики ӯ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе 4-уми сентябри соли 2011.
Гуфтушуниди раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод (аз чап) ва ҳамтои тоҷики ӯ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе 4-уми сентябри соли 2011.

Эрон нерӯгоҳеро дар Тоҷикистон хоҳад сохт, ки Чин аз бими озурдагии Узбакистон аз сохтмонаш даст кашида буд.

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, вақте ки тарҳи неругоҳи обию барқии Айнӣ дар рӯдхонаи Зарафшонро шарҳ медод, гуфт, ки пешрафти Тоҷикистон ва пешрафти Эрон алайҳи ягон кишвари дигари минтақа нахоҳад буд.

Ин суханони Аҳмадинажод дар ҳоле садо доданд, ки ду сол қабл Чин бо назардошти мухолифати Узбакистон аз бунёди чунин нерӯгоҳ худдорӣ кардааст.

Худойбердӣ Холиқназаров сардори бахши байналмиллалии Маркази мутолеъоти стротегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эрон ба ҳеҷ сурат аз мухолифати Узбакистон дудила нахоҳад шуд, зеро ба фарқ аз Чин, Эрон дар пайи тақвияти ҳузури иқтисодӣ дар минтақа нест: «Агар Чин бо назардошти мухолифатҳои Тошканд аз сохтани ин неругоҳ канорагирӣ кард, Эрон ба ин мухолифатҳо нигоҳ накарда ин неругоҳро месозад. Ва ин неругоҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, зеро чанд ноҳияи Кӯҳистон, ки бо мушкили таъмини барқ дучоранд, аз ин сахтӣ раҳо хоҳанд шуд.”

Ба сурати умум, ин дувумин ҳолате хоҳад буд, ки Эрон бо тамоми вазни худ ҳамчун як қудрати минтақаӣ рӯи Узбакистон соф меафканад. Пеш аз ин Теҳрон зимни таъхири интиқоли масолеҳ ва таҷҳизоташ барои сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз тариқи қаламрави Узбакистон Тошкандро ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ин мушкилофариниҳо Эрон низ вагонҳои Узбакистонро дар масири Ховари Миёна мутаваққиф хоҳад кард.

Ба ақидаи коршиносон, маҳз ҳамин ҳушдор Теҳрон сабаб гашт, ки Узбакистон аз амалияи бесабаб нигаҳ доштани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави худ даст кашад. Таври маълум ҳамарӯза садҳо вагон бори Узбакистон аз қаламрави Эрон ба Халиҷи Форс, Туркия ва кишварҳои Ховари Миёна ҳаракат мекунанд.

Коршиноси масоили энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов бо ишора ба вобастагии Узбакистон мегӯяд, Тошканд он кореро ки бо Чин кард бо Эрон карда наметавонад: «Садҳо вагони Узбкистон аз тариқи Туркманистон аз хоки Ирон мегузаранд аз ин рӯ Узбакистон наметавонад дар амри сохтмони неругоҳи Айнӣ мухолифат нишон диҳад.»

Аз сӯи дигар мутахасисони эронӣ мегӯянд, ки нерӯгоҳи Айнӣ ба фарқ аз тарҳе, ки мебоист бо маблағгузории Чин сохта мешуд, бидуни обанбор хоҳад буд ва рӯйи суръати об барои чархиши турбинаҳо такия хоҳад кард, ки ҳаҷму ҷараёни обро барои сокинони поёноби рӯдхонаи Зарафшон кам намекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни таъкиди аҳамияти нерӯгоҳи Айнӣ гуфт, ки бо баҳрабардорӣ аз он чаҳор ноҳияи каронаи Зарафшон, яъне шаҳру ноҳияи Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи кӯҳӣ аз мушкили бебарқӣ барои тамоми сол раҳо хоҳанд шуд.

Аммо бархе аз таҳлилгарон бо назардошти таъхир дар сохтмони тунели «Истиқлол» ҳадс мезананд, ки Эрон дар иҷрои саривақтии тарҳҳои муҳими худ дар Тоҷикистон чандон мувафақ набудааст.
Субҳи рӯзи душанбе бо чархидани нахустин агрегати “Сангтӯда-2-, ки низ Эрон месозад, гуфта шуд, сохтмони он то як соли дигар идома хоҳад кард. Ва бунёди нерӯгоҳи “Айнӣ” низ пас аз анҷоми пурраи сохтмони “Сангтӯда-2” оғоз хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Вазорати иқтисоду рушди саноати Тоҷикистон гардиши молу коло миёни Эрону Тоҷикистон 336 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон ин рақам кӯчактар аст. Гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон дар соли гузашта аз як миллиард доллар бештар шудааст. Бо вуҷуди ин эътимод ба тарафи Эрон ҳамчун коршарик ахиран аз бовар ба Русия бештар шудааст, зеро ба гуфтаи коршиносон, Эрон беш аз як намоиши ҳамкорияш бо Тоҷикистон суди бештари сиёсӣ, иқтисодӣ ё ҳарбиро хостор нашудааст.
XS
SM
MD
LG