Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА нигарони боздошти Юля Тимошенкост


Кетрин Эштон
Кетрин Эштон
Вазирони хориҷаи ИА рӯзи шанбе дар Сопоти Лаҳистон равобити ин созмон бо Украинаву Беларусро баҳс карданд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон гуфт, ин паймон аз боздошти сарвазири собиқ ва раҳбари кунунии мухолифини Украина Юлия Тимошенко изҳори нигаронӣ мекунад. Хонум Эштон дар мавриди Беларус гуфт, сиёсати ИА дар қиболи режими Аляксандр Лукашенка ва бархӯрди ӯ ба мухолифин низ дар ҳоли таҳия шудан аст.
XS
SM
MD
LG