Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия як радари НАТО-ро дар қаламраваш мегузорад


Давлати Туркия мегӯяд, дар масъалаи истиқрори як радар дар қаламраваш ба ҳайси бахше аз сипари дифоъи НАТО мувофиқат кардааст. Вазорати умури хориҷаи Туркия рӯзи панҷшанбе дар баёнияи расмие гуфт, “музокирот дар ин замина ба марҳилаи ниҳоӣ” расидааст. Раҳбарони 28 кишвари узви НАТО соли гузашта дар шаҳри Лисабон дар робита ба истиқрори як сипари васеъи дифоъи мушакӣ дар Аврупо ба мувофиқа расидаанд. Дар баёнияи расмӣ гуфта мешавад, саҳми Туркия “қудрати дифоъии НАТО ва системи миллии дифоъии Туркияро нерӯманд хоҳад кард.” Аммо ҳоло маълум нест, радари мазкур дар куҷои Туркия ва кай гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG