Раҳбарони ҷаҳонӣ ваъда додаанд, ки миллиардҳо доллари давлати Либияро ба Шӯрои миллии гузори Либия медиҳанд, то баъди ҷанги шашмоҳа ба бозсозии Либия шурӯъ кунад. Дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса, намояндагони 60 кишвар бо ҳузури намояндагони Созмони Милал ва Мустафо Абдулҷалил, раҳбари Шӯрои миллии гузор, сарнавишти ояндаи ин кишварро баррасӣ карданд, ки раҳбари худкомаи он, Муаммар Қаззофӣ баъди 42 соли ҳукумат суқут кард. Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, 15 миллиард доллар аз маблағҳои масдудшудаи давлати Либия барои кӯмак ба Шӯрои миллии гузор дода хоҳад шуд. Дар ин нишаст, аз раҳбарони нави Либия хостанд, роҳи мусолиҳаро пеш гирифта ва як ҷомеаи бозу демократӣ бисозанд: Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё аз ҷумла гуфт:"Ҳозирон дар нишаст аҳд доданд, ки ба Мустафо Абдул Ҷалил ва Шӯрои миллии гузор барои расидан ба ҳадафи возеҳи онон, яъне бунёди як Либияи демократӣ ва мардумсолор кӯмак кунанд."
Айни замон маълум нест, худи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия дар куҷост, ки соли 1969 Шоҳ Идрисро дар табаддулоте сарнагун кард ва то моҳи пеш раҳбари Либияро буд.