Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони тарсноки Ирен ба шаҳри Ню Йорк расид


Тӯфони вайронгари Ирен бо суръати 104 километр дар соат ба шаҳри Ню Йорки Амрико расид. Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк рӯзи шанбе аз мардуми осебпазири маҳалҳои осебпазир дар баробари тӯфон хост, агар минтақаро тарк накарда бошанд, аз хонаҳояшон берун наоянд. Майкл Блумберг дастур дода буд, бештар аз 370 ҳазор сокини маҳалҳои хати ҳаракати тӯфон ба ҷойҳои амн интиқол дода шаванд ва кори тамоми нақлиёти умумӣ дар шаҳрро боздошт. Бино ба гузоришҳо бар асари ин тӯфони саҳмгин, то кунун нӯҳ нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG