Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WB кӯмакҳои молӣ ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank)гуфт, сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро 25 дар сад зиёд карда ва солона барои кишвар 60 миллион доллар ихтисос медиҳад. Йорг Фриден, яке аз мудир омилони Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин кӯмакҳои молӣ билоиваз ва ё грант хоҳанд буд ва дар муддати се соли оянда дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад. Йорг Фриден ҳамчунин бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш барои садди Роғун ду моҳ баъд бояд шурӯъ шавад, аммо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тавсия доданд, ки ҳукумат дар ин кор шитоб накунад, зеро ҳоло фурсати мусоиде барои бастани маҷрои Вахш нест. Посухи Тоҷикистон ба ин пешниҳод то кунун маълум нест.
XS
SM
MD
LG