Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузорӣ дар Ҳилманд 4 нафар кушта шуданд


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон имрӯз дасти кам 4 нафар кушта ва 21 тани дигар захмӣ шуданд. Камолиддини Шерзай, муовини сардори пулиси вилоят, гуфт, як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар маркази маъмурии Ҳилманд шаҳри Лашкаргоҳ дар назди Кобул Бонк мунфаҷир кард, ки онҷо сарбозону афсарони пулис барои гирифтани музди кори худ навбат меистоданд. Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, ҳамлаи интиҳорӣ кори дасти ин гурӯҳ аст, ки даҳ сол боз аст, алайҳи ҳукумати Афғонистон меҷангад.
XS
SM
MD
LG