Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои "Парем" ва "Маяк". Баҳси ду гурӯҳ ё ду миллат?


Гурӯҳи "Парем"
Гурӯҳи "Парем"

Моҷарои миёни гурӯҳи "Парем" ва радиои "Маяк" дигарбора баҳси беэҳтиромӣ алайҳи миллати тоҷик дар Русияро доман зад.

Олим Ширинов, сарвари гурӯҳи «Парем», ки дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои фарҳангу корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мақомоти зирабти Русия ёддошт ё худ нотаи эътирозӣ фиристод, гуфт, сабаби норизоиятии ин гурӯҳ на масхара дар мавҷи радиои русӣ, балки эътироз ба таҳқири фарҳанг ва ҳувияти миллати тоҷик будааст.

Ӯ гуфт: "Онҳо, масалан, номи гурӯҳро ба мубоҳиса кашиданд. «Парем» ба тоҷикӣ парвоз кунем аст, аммо онҳо мисли як бефарҳанге, ки ба ном мечаспад, ба масхараи номи мо гузаштанд: парез, Париж, паром. Пас касе гуфт, ки Далер Назаров ва Олег Фезов мусиқии тоҷикро такон доданд. Ба ин гап часпиданд, ки худи инҳо киянд, тоҷикҳо умуман мусиқӣ доранд ё не. Мегуфтанду механдиданд. Дурӯғи бисёрро қатор карданд. Баъд гуфтанд, ки фарҳанги тоҷик умуман ба худ наомадааст. Ин таҳқирҳоро тоқат накардему ба Вазорати фарҳанг аз он ҷо ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардем."

Радиои «Маяк» аз гурӯҳи «Парем» расман пӯзиш хост, ки ба қавли Олим Ширинов, пӯзише бо шӯхиҳои таҳхонадор буд. Бархе аз коршиносон тарғиботи саросарии зиддитоҷикӣ дар Русияро кори дасти бархе аз доираҳои расмӣ унвон мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳар иштибоҳе, ки намояндагони миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз қабили узбакҳо ва қирғизҳо роҳ медиҳанд, ба тоҷикон рабт дода мешавад.

Иззат Амон, коршиноси тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, дар кул мардуми рус ба мардикору дигар тоифаи тоҷикон муносибати сирф инсонӣ ва хеле самимӣ доранд, аммо мушоҳида мешавад, ки таблиғоти расонаҳо сари муносибатҳои мардум ҳам таъсир мегузорад: "Ин мавод сад дар сад супоришианд. Ҳама коре, ки сурат мегирад, дар чаҳорчӯби фармоишот аст, бахусус, тайи ним соли ахир. Масалан, ҳамон навори интернет дар бораи таҳқири тоҷике, ки то имрӯз пайдо накардаем, ҳамин ҳам дар доираи фармоишот сурат мегирад. Яъне фишор, фишор сари Душанбе барои бароварда кардани манофеи Маскав."

Олим Ширинов бар он аст, ки рӯзноманигорони рус дар бораи фарҳанги миллати тоҷик иттилое надоранд, аз ин хотир, ба ҳамчунин ҳарзагӯиҳо даст мезананд. Аммо Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик мегӯяд, он чӣ дар расонаҳои русиву ҷомеаи рус алайҳи тоҷикон роҳандозӣ мешавад, ба афзоиши раванди миллатгароӣ дар ин кишвар рабт дорад, ки аз сӯи Кремл ҳам пинҳонӣ пуштибонӣ мешавад.

"Ленин ҳам аз он хатар дошт, ки мегуфт, аз шовинизми бузургманишии рус бояд тарсид. Шовинизми рус на камтар аз миллатгароии сотсиалистии ибтидои солҳои 20-и Олмон, яъне фашистӣ аст. Инҳо фарҳанги моро ҳеҷ медонанд. Ҳамкориҳояшон шояд барои ҳамон «Окно»-ву «Айнӣ» ва барои ин аст, ки мо дар як мавқеияти стратегӣ дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ҷойгир ҳастем. Русҳо ҳоло худ бефарҳанг шудаанд ва фарҳанги асилро ҳам намешиносанд",-афзуд ӯ.

Олим Ширинов мегӯяд, ҳатто ҳангоми пӯзиш кормандони «Маяк» баъзе шӯхиҳои бемаврид карданд, аз ҷумла гуфтанд, ки медонем, ҳоло мардуми тоҷик машғули сохтмон ҳастанд ё худкорҳои “Калашникуф”-ро барои ғоратгарӣ омода месозанд. Коршиносон мегӯянд, ин ба он маъност, ки беэҳтиромӣ ва таҳқири фарҳангу ҳувияти тоҷикон аз ин ба баъд низ идома хоҳад кард, зеро тавре ба назар мерасад, мақомоти Тоҷикистон ба ин гуна таҳқирҳо зиёд таваҷҷӯҳ нишон намедиҳанд ва ҳеҷ гуна барномаи хунсо кардани таблиғоти зиддитоҷикӣ дар Русияро рӯйи даст надоранд.
XS
SM
MD
LG