Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарони Либия ба Троблус мекӯчанд


Алӣ Тарҳунӣ, масъули сармоя ва нафт дар Шӯрои милли гузори Либия.
Алӣ Тарҳунӣ, масъули сармоя ва нафт дар Шӯрои милли гузори Либия.

Ошӯбгарони либӣ мегӯянд, пойгоҳи сиёсии онҳо аз шаҳри шарқии Бенғозӣ ба пойтахт - шаҳри Троблус интиқол меёбад.

Алӣ Тарҳунӣ, ки дар Шӯрои давраи гузариш вазифаи вазири молияи Либияро бар ӯҳда дорад, шоми панҷшанбе дар Троблус гуфт: "Ман расман эълон мекунам, ки аз ҳамин лаҳза идораи иҷроия корашро дар Троблус шурӯъ мекунад."

Шоми панҷшанбе СММ иброз дошт, ки аз ҳисоби пулҳои мунҷамидгаштаи ҳукумати Либия тахминан якуним миллиард долларро ба хотири кӯмакҳои башарӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва эҳёи ин кишвар озод хоҳад кард. Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон, низ ваъда дод, ки кишвараш барои бунёди Либияи нав ёрӣ хоҳад расонд. Ӯ изҳори умед кард, ки Шӯрои давраи гузариш баҳри бунёди як ҷомеаи “дорои таҳаммул ва ваҳдати демократӣ”-и Либия талош меварзад.

Хонум Клинтон аз ҷонибҳо дар Либия даъват кардааст, ки интиқомҷӯиро канор гузоранд, зеро ин амал имкони бунёди Либияи навро аз байн мебарад. Ҷои ёдоварист, ки ҳар ду ҷониб: ҳам ошӯбгарон ва ҳам нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ба кушторҳои интиқомҷӯёна муттаҳам мешаванд.

Ин дар ҳоле буд, ки дар бархе аз манотиқи Троблус ҷангҳои шадид миёни шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ идома дошт.

Идомаи даргириҳо дар Троблус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00
Линки мустақим


Субҳи ҷумъа дар минтақаи Абу Салими Троблус бархӯрди мусаллаҳона миёни ошӯбгарону нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ҷой дошт, вале дар ҳар сурат ошӯбгарон саъй доранд, мавзеъҳои худ дар Троблусро таҳким бахшанд. Рӯзи ҷумъа иттилоъ расид, ки ҳавопаймоҳои НАТО дар шаҳри Сирт яке аз истеҳкомҳои Қаззофиро мавриди оташ қарор доданд. Тахминҳо зиёд аст, ки Қаззофӣ дар зодгоҳаш Сирт, 360-километрии шарқи Троблус, паноҳ бурдааст. Нерӯҳои ошӯбгар низ ба Сирт наздик мешаванд.

Дар ин байн Руперт Колвил, раиси Кумиссюни ҳуқуқи башари СММ, рӯзи ҷумъа изҳороте пахш намуда, ибрози нигаронӣ кард, ки куштори Қаззофӣ “берун аз чаҳорчӯби ҳокимияти қонун” хоҳад буд. Колвил гуфтааст, муҷозоти фаврӣ на дар шароити осоишта ва на дар шароити ҷанг қобили қабул нест. Рӯзи чоршанбе ошӯбгарон барои боздошт ва ё қатли Қаззофӣ 1 миллиону 670 ҳазор доллар ҷоиза эълон намуданд.

Раҳбари ошӯбгарон Мустафо Абдулҷалил изҳор дошт, ки агар касе аз атрофиён Қаззофиро боздошт ва ҳалок кунад, мавриди афв қарор мегирад. Ба қавли раиси Кумиссюни ҳуқуқи башари СММ боздошти Қаззофӣ ва интиқоли вай ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ беҳтарин роҳи ҳал аст. Колвил аз тамоми фармондеҳони саҳроӣ даъват кард, ки аз табаҳкорӣ ва интиқомҷӯӣ худдорӣ варзанд.
XS
SM
MD
LG