Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШМГ Либия аз Бенғозӣ ба Троблус омад


Намое аз қасри Қаззофӣ дар Троблус
Намое аз қасри Қаззофӣ дар Троблус
Ҳукумати шӯришиёни Либия, яъне Шӯрои Миллии Гузор аз Бенғозӣ-маркази мухолифон ба Троблус интиқол дода шуд, то зимоми раҳбарии кишварро аз Тороблус ба даст бигирад. Бо вуҷуди ин дар Троблус то ҳол баъзе аз гурӯҳҳои ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ мухолифат нишон медиҳанд. Матбуоти ғарбӣ гузориш медиҳанд, ки нисфи аъзои Шӯрои Миллии Гузори Либия вориди Троблус шудаанд. Алӣ Тарҳунӣ-вазири молияи Шӯрои Миллии Гузор вуруди ин шӯро ба Троблусро “марҳилаи таърихӣ” номидааст. Ҳамзамон дар шаҳр ҷо-ҷое задухӯрҳо мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG